Саволу ҷавоб
Имя *:
Email *:
Код *:

Страницы: 1
Показано 1-4 из 4 сообщений
4. Шахбоз [shahbozis_1995] (2017-08-25 7:33 AM)

salom

3. Аминчонов М. (2017-07-17 1:17 AM)

Озмунҳои хариди давлатии мол чӣ гуна танзим карда мешаванд? Оё Хадамоти зиддиинҳисорӣ озмунҳои хариди давлатии молро месанҷад?
Ответ: Дар давоми соли 2014 аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ озмунҳои хариди давлатии мол дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ санҷида нашудаанд. Ҳолати вайронкунии қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур барои аз ҷониби суд беэътибор донистани озмун, аз ҷумла тибқи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.Тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгиронии фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ муқаррар карда шудааст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ тибқи салоҳияти худ ҳангоми гузаронидани озмунҳои мазкур ҳолати таъмини рақобатро арзёбӣ менамояд. Муносибатҳое, ки байни ташкилкунандаҳои озмун ва иштирокчиёни он дар рафти гузаронидани озмун барои ҷойгиронии фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба вуҷуд меоянд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» танзим карда мешаванд.

2. Салимшо (2017-07-17 1:17 AM)

Субъекти хоҷагидоре, ки дар натиҷаи қарори қабулнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарар дидааст, нисбати он чӣ чораҳои зарурӣ пешбини гардидааст. (Бо эҳтиром, Салимшо)
Ответ: Мувофиқи талаботи моддаи 22 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» агар санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, бо вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ қабул шуда бошад ё мақомотҳои мазкур ўҳдадориҳои худро иҷро накунанд ё номатлуб иҷро кунанд ва агар аз ин амал ба субъекти хоҷагидор ё дигар шахс зарар расида бошад, товони он мувофиқи қонунгузории гражданӣ рўёнда мешавад.

1. Акрамов Н. (2017-07-17 1:16 AM)

Соҳаҳои субъектҳои монополияҳои табиӣ ва шумораи субъектҳои хоҷагидор дар Феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ?
Ответ: Мутобиқи моддаи 5 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» соҳаҳои зерин ба субъектҳои монополияҳои табиӣ мансубият доранд:

-хизматрасонӣ дар мавриди ҳамлу нақли нафт ва маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳои магистралӣ;

-хизматрасонӣ дар мавриди харид ва интиқоли гази табиӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ва (ё) тақсимкунанда, истифодаи дастгоҳҳои газтақсимкунанда ва қубурҳои газгузаронӣ ба онҳо вобаста;

-хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва (ё) тақсими нерўи барқ ва (ё) гармӣ;

-хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан;

-хизматрасонии терминалҳои нақлиёт, фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва аэронавигатсия;

-хизматрасонии алоқаи барқӣ, почта ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ;

-хизматрасонии хоҷагии об ва (ё) системаи канализатсия;

-хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани танзими давлатӣ ва назорат субъектҳои монополияҳои табиӣ ба Феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ, ки аз бахшҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ иборат мебошанд, бо нишондоди намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандае, ки дар доираи танзими қонуни мазкур қарор доранд, ворид мегарданд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Хадамот баъди таҳлилу омўзишҳо ба Феҳристи давлатии субъектҳои монополияҳои табиии дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 37 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 4 ҷамъияте, ки ба хизматрасонии фурудгоҳӣ, 1 корхонае, ки ба хизматрасонии аэронавигатсионӣ, 15 ҷамъияте, ки ба хизматрасонии дар мавриди харид ва интиқоли гази табиӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ва тақсимкунанда, 2 ширкате, ки ба хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва (ё) тақсими нерўи барқ ва (ё) гармӣ, 4 корхонае, ки ба хизматрасонии хоҷагии об ва (ё) системаи канализатсия, 3 корхонае, ки ба хизматрасонии алоқаи барқӣ, почта ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ, 1 корхонае, ба хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, 3 ҷамъияте, ки ба хизматрасонии терминали нақлиётӣ, 1 муассисае, ки ба хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва тақсими гармӣ ва 2 корхонае, ки ба хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ машғуланд, дохил карда шуданд.

1-4

uCoz