НИЗОМНОМАИ Раёсати танзими монополияҳои табиӣ

Бо фармоиши Хадамот

аз 31 январи соли 2014 №11

тасдиқ карда шудааст

 

НИЗОМНОМАИ

Раёсати танзими монополияҳои табиӣ

 

I. Муқаррароти умумӣ

 

1. Раёсати танзими монополияи табиии (минбаъд Раёсат) воҳиди сохтории Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) буда, вазифаҳоро оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бахши ба танзимдарории фаъолияти монополияҳои табиӣ ва фаъолияти худро таҳти роҳбарии умумии Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва муовини аввали Сардор - сарпарасти Раёсат  амалӣ менамояд.

2. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №227 тасдиқ шудааст, фармоишҳои Сардор, қарорҳои Ҳайати мушовараи Хадамот ва Низомномаи мазкурро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.

3. Раёсат ба фаъолияти мақомоти маҳаллии зиддиинҳисорӣ оид ба масъалаҳои дар банди 1 Низомномаи мазкур пешбинишуда, роҳбарӣ ва назорат намуда, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад.

4. Раёсат аз рӯи нақшаи кории аз ҷониби роҳбарияти Хадамот тасдиқшуда кор мебарад.

5. Сохтор ва воҳидҳои кории Раёсат аз рӯи ҷадвали воҳиди кории Хадамот муайян карда мешавад.

 

II. Ваколатҳои Раёсат

 

6. Раёсат дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ;

- ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, макомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияи субъектҳои хоҷагидор оид ба гузаронидани чорабиниҳои танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ тавсияҳо медиҳад;

- фармоишҳо, супоришҳои Роҳбарият, қарорҳои Ҳайати мушовараи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд;

-  вазъияти иқтисодии  бамиёномадаро  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар раванди татбиқи  тадбирҳои  танзими  давлатии фаъолияти  субъектҳои монополияи  табиӣ таҳлил ва пешбинӣ  намуда,  пешниҳодотро  оид ба тағйири низоми  танзими давлатии субъектҳои монополияҳои табииро,  ки ба  таъмини болоравии  самаранокии фаъолияти  иқтисодии  субъектҳои мазкур    ва  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд, омода месозад;

- оид ба тағйир додан ва бекор намудани шартномаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи монополияҳои табиӣ мухолифат менамоянд,  лоиҳаи амрияҳоро пешниҳод менамояд;

- дар сурати вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи монополияҳои табиӣ нисбати субъектҳои хоҷагидор ва роҳбарони онҳо чораҳои дахлдор меандешад;

- Феҳристи субъектҳои монополияҳои табииеро, ки нисбаташон танзими давлатӣ ва назорат татбиқ мегардад, тартиб медиҳад, пеш мебарад ва барои аз он хориҷ кардан лоиҳаи санадҳои заруриро пешниҳод менамояд;

- усулҳои танзимро, ки барои субъекти мушаххаси монополияи табиӣ истифода мегарданд, муайян месозад;

- шартномаҳои намунавиро, ки аз ҷониби субъектҳои монополияҳои табиӣ бо истеъмолкунандагон баста мешаванд, таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд;

-таҷрибаи татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи монополияҳои табииро ҷамъбаст карда, хулоса мебарорад ва дар асоси он тавсияҳои методӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;

- лоиҳаи қарорҳои барои субъектҳои монополияҳои табиӣ иҷрояшон ҳатмиро доир ба ҷорӣ намудан, тағйир додан ё қатъ кардани танзим, доир ба истифодаи усулҳои танзим, аз ҷумла доир ба муқаррар кардани тарифҳо таҳия ва пешниҳод  менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ нисбати қонунвайронкунии мавҷудбудаи соҳаи монополияҳои табиӣ оид ба пешгирии вайронкунӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он лоиҳаи қарорро таҳия менамояд;

- тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшавандаи субъектҳои монополияҳои табиӣ ё ҳадди ниҳоии онҳоро бо назардошти талабот ба сифати онҳо, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо муқаррар шудаанд, тасдиқ менамояд;

- дар мавриди тағйири хароҷотҳо оид ба тағйир додани тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои монополияҳои табиӣ ташаббус зоҳир менамояд;

- дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи фаъолияти нархгузорӣ, тартиб ва шартҳои гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои асосии субъекти монополияҳои табииро таҳия менамояд;

- мувофиқакунонии қоидаҳо, шартномаҳои намунавии хизматрасонии гази табиӣ, барқ ва гармӣ, алоқаи барқӣ, обрасонӣ, канализатсия, ҳоҷагии манзилию коммуналӣ, ки батанзимдарории ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳоро ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон дар бар мегирад, анҷом медиҳад;

- назорати  фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ оид ба иҷрои шартҳои шартномаҳои басташудаи онҳо бо истеъмолкунандагон дар бораи расонидани кору хизматрасониро анҷом медиҳад;

- тасдиқи сметаи тарифии субъектҳои монополияҳои табиӣ ва назорати иҷрои  онҳоро таъмин менамояд;

- ба мувофиқа расонидани  сметаи солонаи хароҷотҳое, ки ба таъмири ҷорӣ ва асосии субъектҳои монополияҳои табиӣ  алоқаманд  мебошад, анҷом медиҳад;

- тасдиқи меъёрҳои талафоти техникии  субъектҳои монополияҳои табииро ба амал мебарорад;

- ба субъектҳои монополияҳои табиӣ доир ба қатъи вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ, аз ҷумла оид ба бартараф намудани оқибатҳои он, оид ба бастани шартнома бо истеъмолкунандагоне, ки бояд ҳатман ба онҳо хизмат расонида шавад (маҳсулот пешниҳод карда шавад), оид ба ворид намудани тағйирот ба шартномаҳо, инчунин оид ба буҷет гузаронидани тамоми маблағи фоидаи дар натиҷаи амалҳои вайрон кардани қонунгузории монополияҳои табиӣ бадастомада, лоиҳаи санади заруриро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- танзими нархгузориро бо роҳи муайян ва муқаррар намудани нархҳо (тарифҳо) ва ё ҳадди ниҳоии онҳо ба амал мебарорад;

- истеъмолкунандагонеро, ки хизматрасонӣ ба онҳо ҳатмист ва таъмини сатҳи ҳадди ақалли хизматрасонӣ ба онҳо дар сурати мавҷуд набудани имконияти қонеъ гардонидани тамоми талабот бо моли (кори, хизматрасонии) аз ҷониби субъектҳои монополияҳои табиӣ истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) боназардошти зарурияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандӣ, муайян менамояд;

- ба роҳбарияти Хадамот оиди қабул намудани қарор дар бораи
истифодаи усулҳои танзимкорӣ мутобиқи муқарраротҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" (минбаъд Қонун) нисбати субъекти мушаххаси монополияи табиӣ дар асоси таҳлили фаъолияти он бо назардошти нақшаи ҳавасмандии он дар баланд бардоштани сифати моли (кору, хизматрасониҳо) - и истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) ва дар қаноатмандкунии талабот ба онҳо, дар ин асос баҳо додани хароҷотҳои асоснок, таклиф пешниҳод менамояд.

Раёсат назоратро аз болои:

 

- риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" - ро амалӣ мегардонад;

- сармоягузориҳои субъекти монополияи табиӣ дар истеҳсоли (фурӯши) молҳое (корҳое, хизматрасониҳое), ки нисбати онҳо  мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи монополияи табиӣ танзим сурат намегирад, анҷом медиҳад;

- ҳама гуна аҳдҳое, ки дар натиҷаи он субъекти монополияи табиӣ ҳуқуқи моликиятро ба воситаҳои асосӣ, ки барои истеҳсоли (фурӯши) молҳои (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи қонунгузории монополияҳои табиӣ   танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, соҳиб мегардад, таъмин менамояд;

- ҳангоми аз ҷониби субъекти хоҷагидор ё субъекти монополияҳои табиӣ фурӯхтан, иҷора додан ва ё бастани аҳди дигаре, ки дар натиҷаи он субъектҳои мазкур ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифода ё ҳуқуқи моликиятро ба қисми воситаҳои асосии субъекти монополияи табиӣ, ки барои истеҳсоли (фурӯши) молҳои (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи қонунгузории амалкунанда танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, пайдо мекунад таъмин менамояд;

- азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои монополияи табиӣ амалӣ мегардонад.

7. Раёсат бо мақсади иҷрои ваколатҳои дар соҳаи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

- дар доираи ваколатҳои худ тибқи тартиботи муқарраршуда маълумот ва ахбореро, ки барои баррасии масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дахлдошта заруранд, талаб ва ройгон дастрас намояд;

- мукотибаро бо вазорату идораҳо амалӣ созад, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷамъомади корӣ даъват намояд (дар мувофиқа бо Роҳбарияти Хадамот);

-ба баррасии роҳбарият ва ҷаласаи Ҳайати мушовара ҳаргуна
масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дахлдоштаро пешниҳод намояд;

- дар мувофиқакунонии ҳуҷҷатҳо бо дигар сохторҳои таркибии Хадамот, инчунин оиди ҳуҷҷатҳои аз Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ воридгардида, мутобиқи тартиби коргузории Хадамот хулосаҳо ва таклифҳо пешниҳод намояд;

- аз дигар сохторҳои таркибӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оиди масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дахл дошта, ахборот ва маълумот дастрас намояд;

- усулҳои танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табииро, ки Қонун муайян кардааст, аз ҷумла  танзими  нархгузорӣ, ки ба воситаи муайян ва муқаррар намудани нархҳо (тарифҳо) ва ё ҳадди ниҳоии онҳо амалӣ гардонида мешаванд, истифода барад;

- бо мувофиқаи мақомотҳои дахлдори ҳокимияти давлатӣ усулҳо, талабот ва қоидаҳои баҳисобгирии хароҷотро ба хизматрасониҳое, ки барои  субъектҳои  монополияҳои  табиӣ  ҳатмианд, инчунин тартиби пешниҳод намудани ҳисоботҳоро барои манзури Роҳбарияти Хадамот гардонидан, баррасӣ намояд;

- санҷиши риояи Қонунро аз ҷониби мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ дар доираи фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, сохторҳои таркибии Роҳи оҳани Тоҷикистон, Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз», корхонаҳои хоҷагии газ (Ҷамъиятҳои саҳҳомии навтаъсис), Ҷамаияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷиктелеком", Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷикистон" Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" (ҳамлу нақл дар самтҳои дохилӣ), ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд», ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Кӯлоб», ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмиллалии Қурғонтеппа», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» фурудгоҳҳо, терминалҳои нақлиётӣ, корхонаҳое, ки ҳамлу нақли нафт ва маҳсулоти нафтиро тавассути қубурҳои магистралӣ амалӣ мегардонанд, хоҷагиҳои хизмати обрасонӣ ва фозилоб (канализатсия) - ро анҷом медиҳанд;

- ба роҳбарияти Хадамот оиди қабул намудани қарор дар бораи
бастани ҷарима ба субъектҳои монополияҳои табиӣ ва андешидани
чораҷӯиҳои маъмурӣ нисбати роҳбарони онҳо, инчунин шахсони
мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои вайрон кардани Қонун масъалагузорӣ намояд;

- дар  мувофиқа бо роҳбарият тибқи тартиботи муқаррарӣ санҷиши нархҳо (тарифҳои) хизматрасониҳои субъектҳои монополияҳои табииро гузаронад;

-  ҳуқуқи бемамоният дохил шуданро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои  хоҷагидор  барои шинос  шудан  ба  ҳуҷҷатҳои лозимаро дорад.

8. Раёсат дар фаъолияти худ вазифадор аст:

- рафти иҷрои қарору фармоиш ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Хадамот оид ба масъалаҳои дахлдори Раёсатро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин намояд;

- регламенти кории Хадамотро таъмин намояд;

- ҳар сол маърӯзаро оиди танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ интишор намояд;

- аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дахлдошта  маълумоти заруриро ба Роҳбарият ва бо мувофиқаи Роҳбарият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт пешниҳод намояд;

- риояи тамоми мӯҳлатҳои  муқарраршудаи  ҷудогардидаро барои омода намудани маводҳо ва пешниҳоди онҳо ба Сардор ва мақомоти болоӣ таъмин намояд.

 

III. Ташкили фаъолият

9.  Раёсатро  Сардор   роҳбарӣ   менамояд,  ки   бо   фармоиши   Сардори  Хадамот  дар  мувофиқа  бо  муовини аввали Сардор  (сарпарасти Раёсат) батариқи озмун ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

Сардори Раёсат барои иҷрои вазифаҳо ва корҳои ба зиммааш гузошташуда масъул мебошад.

Сардори Раёсат дар доираи салоҳиятҳои худ ба кормандони Раёсат супориш ва вазифаҳои иҷрояшон ҳатмӣ медиҳад ва назорати иҷрои сифатнок ва саривақтии онҳоро таъмин менамояд.

Дар фаъолияти худ Сардори Раёсат назоратро аз болои кори кормандон амалӣ мегардонад, ӯҳдадориҳои онҳоро тақсим менамояд, ҳамзамон ҳалли масъалаҳои ба миён омадаро бо салоҳият ва ба зудӣ ҳал менамояд.

Бо мувофиқаи роҳбарият дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо оиди масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат таалуқдошта намояндагӣ мекунад.

Ҳалли ҳамаи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дахл дошта, тибқи тартиби кории Хадамот ҳамкориро бо дигар сохторҳои Хадамот таъмин менамояд.

Бо намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳо, инчунин намояндагони ташкилотҳои хориҷию байналхалқӣ оиди масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот дахлдошта бо мувофиқаи роҳбарият маҷлисҳо мегузаронад.

Назоратро аз болои интизоми меҳнатӣ ва иҷроиявии кормандон амалӣ мегардонад.

 

Сардори Раёсат дар мувофиқа бо роҳбарият ҳуқуқ дорад:

- маводҳои услубӣ ва тавсиявиро оиди масъалаҳое, ки ба салоҳияти ӯ дахл дорад, пурсон шавад;

- ба роҳбарияти Хадамот оид ба субъектҳои хоҷагидор
фиристодани Амрияҳои иҷрояшон ҳатмӣ барои қатъ кардани
вайронкунии Қонун, ислоҳ намудани оқибати онҳо, барои бекор кардан ва тағйирот даровардан дар созишномаҳояшон, ки ба Қонун мухолифат мекунанд, ба буҷет гузаронидани фоидае, ки дар натиҷаи
қонунвайронкунӣ ба даст оварда шудааст, масъалагузорӣ намояд;

- тибқи тартиботи муқарраршуда ба роҳбарияти Хадамот оид ба қабул намудани қарор дар бораи ба субъектҳои монополияҳои табиӣ бастани ҷарима ва андешидани чораҷӯиҳои маъмурӣ нисбати роҳбарони онҳо инчунин, шахсони мансабдори идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ барои вайрон кардани Қонун пешниҳодҳо манзур намояд;

- тақсимоти вазифаҳои функсионалии мутахассисони Раёсатро назорат мебарад;

- баҳисобгирии вақти кориро амалӣ мегардонад, ҷадвали рухсатии меҳнатиро тартиб медиҳад.

10. Раёсат аз сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассис иборат аст.

11. Сармутахассис бо фармоиши Сардори Хадамот дар асоси озмун дар мувофиқа бо Муовини аввали Сардор (сарпарасти соҳа) бо пешниҳоди Сардори Раёсат таъин ва аз вазифааш озод карда мешавад.

Сармутахассис дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои монополияҳои табииро меомузад, таҳлил ва хулосабардорӣ менамояд;

- оиди танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиие, ки ба он вобастаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- аз болои фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиие, ки ба он
вобастаанд, назорат мебарад:

- таҳлили вазифаҳоеро, ки ба зиммаи Раёсат мебошанд, мегузаронад ва дар хамбастагӣ бо мутахассисони Раёсат амалӣ гаштани онҳоро таъмин менамояд;

- оиди ба субъектҳои хоҷагидор фиристонидани амрияҳои иҷрояшон ҳатмӣ барои қатъ кардани вайронкуниҳои қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ, ислоҳ кардани оқибати онҳо, барои бекор кардан ва тағйирот даровардан ба созишномаҳояшон, ки ба қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ мухолифат мекунанд, ба буҷет гузаронидани фоидае, ки дар натиҷаи қонунвайронкунӣ дар доираи фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ ба даст овардаанд, таклиф пешниход менамояд;

- ба ҳамаи маводҳои дар Раёсат тайёр карда шуда баҳогузории сифат гузаронида, дар мавриди зарурӣ амалӣ гаштани онҳоро таъмин
менамояд;

- ҳамаи маводҳои ҳисоботиро оиди фаъолияти Раёсат, ки минбаъд ба роҳбарият пешниҳод карда мешаванд, тайёр менамояд;

- дар мувофиқа бо Сардори Раёсат дар кори дигар зерсохторҳои Хадамот намояндагӣ мекунад;

- дар ҳолати набудани Сардори Раёсат, яке аз сармутахассисон вазифаи ӯро иҷро мекунад;

- барои риояи мӯҳлатҳои иҷрои вазифаҳо ва супоришҳои роҳбарият, барои босифат ва бовиҷдонона иҷро намудани вазифаҳои хизматии худ масъул мебошад.

12. Мутахассиси пешбари  Раёсат бо фармоиши Сардори Хадамот дар асоси озмун дар мувофиқа бо Муовини аввали Сардор (сарпарасти соҳа) ва бо пешниҳоди Сардори Раёсат таъин ва аз вазифааш озод карда мешавад.

Мутахассиси пешбар дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- иҷрои  ҳамаи  вазифаҳо  ва  супоришҳои  Сардори  Раёсатро  таъмин менамояд;

- аз болои фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиии ба ӯ вобаста буда назорат мебарад;

- маводҳо ва ҳуҷҷатҳои тавсиявиро аз тартиби техникӣ мегузаронад;

-ҳар рӯз баҳисобгирии ахборотро оиди маводҳои дар назоратбудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубҳои вазорату идораҳо, шахсони ҳуқуқию инфиродӣ мебарад;

- дар компютер дохил намудану коркарди ҳуҷҷатҳои ҷорӣ (мактубҳо, лоиҳаи қарорҳои вазорат, номгӯи руйхатҳо ва ғайра)-ро иҷро менамояд;

- дар рафти кор аз мутахассисони Раёсат иттилооти заруриро дастрас менамояд.

- натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиии ба он вобаста бударо меомузад ва хулосабардорӣ менамояд;

- аз болои фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиии ба он
вобастабуда назорати доимӣ мебарад.

13. Мутахассиси Раёсат бо фармоиши Сардори Хадамот дар асоси озмун дар мувофиқа бо Муовини аввали Сардор (сарпарасти соҳа) ва бо пешниҳоди сардори Раёсат таъин ва аз вазифааш озод карда мешавад.

-  маводҳо ва ҳуҷҷатҳои тавсиявиро аз тартиби техникӣ мегузаронад;

- ҳар рӯз баҳисобгирии ахборотро оиди маводҳои дар назоратбудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубҳои вазорату идораҳо, шахсони ҳуқуқию инфиродӣ мебарад;

- дар компютер дохил намудану коркарди ҳуҷҷатҳои ҷорӣ (мактубҳо, лоиҳаи қарорҳои вазорат, номгӯи руйхатҳо ва ғайра) - ро  иҷро менамояд;

- дар рафти кор аз мутахассисони Раёсат иттилооти зарӯриро дастрас менамояд;

- натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиии ба он вобаста бударо меомузад ва хулосабардорӣ менамояд.

uCoz