Эмомалӣ Раҳмон - пешвои пазируфтаи халқ

Эмомалӣ Раҳмон - пешвои пазируфтаи халқ “Дар таърихи давлату халқи тоҷик 9 декабри соли равон воқеа...

Зарурати тақвияти рақобат дар бозори доруворӣ

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанб...

МСАП вазифаҳои ояндаро муайян мекунад

Дар Москва дар доираи ҳамоиши байналмилалии “Ҳафтаи рақобат дар Русия” ҷаласаи 43-юми Шурои байнидав...

  • Эмомалӣ Раҳмон - пешвои пазируфтаи халқ

  • Зарурати тақвияти рақобат дар бозори доруворӣ

  • МСАП вазифаҳои ояндаро муайян мекунад

Бозорҳои мол

BID ASK
Тилло
1191.52 1191.82
Нуқра
16.71 16.74
Платина 1107.00 1117.00
Палладий 778.40 781.40
Алюминий 1749.00 1752.00
Никел
12602.00 12702.00
Мед
6039.00 6044.00
Нафти Брент
65.19 65.22
Нафти Light
59.85 59.88
Данные на 00:33 мск
Яндекс.Метрика

Эмомалӣ РАҲМОН

БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 15 январ дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади кормандони ниҳод ҷиҳати баррасии амиқтари нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзода ҳусни оғоз бахшида, зимни он иброз дошт, ки муҳимтарин хулоса ва пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси таҳлили амиқи бурду бохти соли 2017 сурат гирифта, ба умдатарин масоили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар бо назардошти авзои кунунии ҷаҳон ва минтақа дахл мекунад. Гузашта аз ин, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018, супоришҳои мушаххас баҳри тараққӣ додани иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти дорусозӣ гувоҳи онанд, ки соли равон д ... Муфассал »

Муфассал...
 
Аз натиҷаи фаъолияти Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2017

Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияташро тибқи қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаи кории дастгоҳи марказии хадамот ба роҳ монда, дар нуҳ моҳи соли равон корҳои муайянеро ба сомон расонид. Чунончи, тибқи супориши сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2016, №01 – 05.4/1467 оиди супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2016, №38189 (27-5) ҷиҳати риояи талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар ҶДММ «Оби санитарӣ», воқеъ дар ноҳияи Вахш ва ташкилоти ҷамъиятии «Оби тоза»-и ноҳияи Бохтар таҳлилу омӯзиш гузаронида шуд. Дар натиҷа, гузориш бо нархномаҳои хизматрасонии муассисаҳои дар боло номбаршуда барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон а ... Муфассал »

Муфассал...
 
Марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар меҳвари суҳбати иштирокдорони семинар

17-уми ноябри соли 2017 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа зери унвони «Фаъолияти марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» семинари гуногунҷанба баргузор гардид. Фирӯз Исмонов, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, пас аз сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки баҳри татбиқи талаботи моддаи 41, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ташкил гардид. Ташаббускор Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин амали наҷиб бо мақсади иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2014, рақами 26918 (22-4) роҳандозӣ гардид. “Фаъол будани ин гуна марказҳо имкон медиҳад, ки шикояти дилхоҳ ис ... Муфассал »

Муфассал...
 
НИШАСТИ СУДМАНД

13-уми июл Исмонов Фирӯзшо Юсуфович, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир кард. Сардори раёсат дар ибтидои сухан тазаккур дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бо дастовардҳои бештари меҳнатӣ ҷамъбаст гардид. “Ҷиҳати риояи талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ корхонаи «Оби санитарӣ», воқеъ дар ноҳияи Вахш ва ташкилоти ҷамъиятии «Оби тоза»-и ноҳияи Бохтар аз ҷониби мутахассисони раёсат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Ва дар асоси ин омӯзишҳо барои тасдиқи нархномаҳои хизматрасонии муассисаҳои болозикр ба Хадамоти зиддиинҳисори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод гардид”, - афзуд ӯ. Гуфта шуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо ситонидани фоиз манъ аст. Бинобар ин, масъалаи мазкур таҳти назорати ҳа ... Муфассал »

Муфассал...
 
1 2 3 4 5 »
uCoz