Главная » 2018 » Феврал » 16 » БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
3:47 PM
БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 15 январ дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади кормандони ниҳод ҷиҳати баррасии амиқтари нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзода ҳусни оғоз бахшида, зимни он иброз дошт, ки муҳимтарин хулоса ва пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси таҳлили амиқи бурду бохти соли 2017 сурат гирифта, ба умдатарин масоили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар бо назардошти авзои кунунии ҷаҳон ва минтақа дахл мекунад. Гузашта аз ин, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018, супоришҳои мушаххас баҳри тараққӣ додани иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти дорусозӣ гувоҳи онанд, ки соли равон дар масири шукуфоии минбаъдаи диёри азизамон боз як қадами ҷиддии ободкориҳо гузошта хоҳад шуд. Муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Одиназода Назар Санг, кормандони масъули дастгоҳи марказӣ Сайдалӣ Зарифзода , Абдураззоқ Азизов, Неъматулло Њаитзода дар асоси ҳидояту супоришҳои дар Паём зикршуда оид ба роҳу воситаҳои саҳми ҳарчи бештар гирифтани Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар иҷрои онҳо мубодилаи афкор намуданд. Саъдӣ Қодирзода дар анҷоми ҷамъомад изҳори боварӣ намуд, ки кормандони хадамот чун тамоми аҳли заҳмати диёр аз Паёми навбатӣ руҳбаланд гашта, баҳри иҷрои вазифаҳои бамиёнгузошта сидқан мекӯшанд.
avatar
uCoz