Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚАРОР

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489)

Мутобиқи моддаи  12  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон"  ва ҷиҳати  иҷрои  Фармони Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 9 марти соли 2010 №832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Хадамоти зиддиинҳисории  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Низомнома,  Сохтори  Дастгоҳи  марказӣ  ва Нақшаи  идоракунии Хадамоти  зиддиинҳисории  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3) Шумораи   ниҳоии   кормандони   Дастгоҳи марказии   Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 воҳид (бе  ҳайати хизматрасон)  муқаррар  карда шавад.  Бисту шаш воҳиди штатии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти зиддиинҳисории назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489).

4) Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон иҷозат дода шавад,  ки ду муовини Сардор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.

Ба Хадамоти  зиддииніисории  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 5 адад муқаррар карда шавад.

5) Дар   сохтори  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби ихтисори 19 воҳидҳои кории Раёсатҳои рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополӣ мақомоти маҳаллии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъсис дода шаванд.

6) Маблағгузории Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

Маблағгузории мақомоти  Хадамоти зиддиинҳисории  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллҳ анҷом дода шавад.

7) Кумитаи   давлатии  сармоягузорӣ  ва идораи  амволи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд.

8) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон,  вилоятҳои  Хатлону  Суғд  ва  шаҳри Душанбе  тибқи тартиби муқарраргардида сохторҳои худро ҷиҳати  иҷрои қарори  мазкур  мутобиқ намоянд.

9) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар мӯҳлати  ду  моҳ  тибқи тартиби муқарраргардида доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи зиддиинҳисорӣ таклиф пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 майи соли 2010 № 227

ш. Душанбе

uCoz