Таҷлили рӯзи байнанмилали ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
рӯзи бананмилали ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

 

Бо мақсади иҷрои Фармоиши Хадамоти зиддиинхисории назди Ҳукумати    Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 8 феврали  соли 2017, №6 «Дар бораи таҷлили  рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  дар   Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,  фармоиши сардори Раёсат аз  15  феврали  соли  2017, №6  ба  тавсиб  расида,   инчунин нақша чорабиниҳо   тартиб  дода шуд, ки  тибқи он  корҳои омодагию фаҳмондадиҳӣ  дар  байни  истеъмолкунандагон   бо ҷалби воситаҳои ахбори оммаи вилоят,  инчунин бо иштироки бевоситаи   намояндагони Маркази назорати  давлатии  санитарию  эпидемиологии вилоят, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа  ва намояндаи  Маркази стандартизатсия метрология ва нозироти савдои вилоят  дар   шаҳрҳои   Кӯлоб,  Сарбанд  ва  ноҳияҳои Ҷайҳун, А.Ҷоми,  Ёвон  оид ба риояи талаботҳои қонунҳои зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар бозорҳои   маркази  ва  нуқтаҳои   савдо  ва  хизматрасонии  маишӣ   оид ба  баланд  бардоштани маърифатноки  ва  маданияти санитарӣ дар соҳаи   ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  корҳои  фаҳмонидадиҳӣ  оиди  поймол  нагардидани   ҳуқуқҳои   истеъмолкунандагон  гузаронида  шуд.

 Ҷамъбасти    вохуриҳо,  ки  бо  иштироки    сардор  ва сардорони  Раёсатхои    Хадамоти  зиддиинҳисорӣ, вазорату  идораҳои  ҷумҳурӣ,  кормандони  Хадамоти  зиддиинҳисорӣ  вилоятҳои  Суғд  ва  Бадахшон   санаи  15  марти  соли  ҷорӣ  дар  Донишгоҳи  Данғараи  ноҳияи  Дангара   гузаронида  шуд,  тариқи  шабакаҳои  телевизиони     ҷумҳурӣ  намоиш  дода  шуд.

uCoz