Таҳлил нархҳои маҳсулоти аввалиндараҷа |
Вобаста ба мониторинги нархи молу маҳсулотҳои ниёзи аввалиндараҷа ҳафтае се маротиба аз тарафи мутахассисони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар бозорҳои молии вилоят таҳлилу омӯзишҳо гузаронида мешавад .
Таҳлилҳо нишон дод, ки аз 30. 06. 17 дар бозори «Ҳоҷи Шариф»-и шаҳри Қурғонтеппа нархи яклухти картошка бо нархи 1 к/г – 4,50 то 5,00 сомонӣ, бехпиёз бо нархи 1к/г – 2,80 то 3,00 сомонӣ, сабзӣ бо нархи 1к/г – 3,40 то 3,50 сомонӣ, нархи помидор 1к/г – 1,40 то 1,60 сомонӣ, нархи 1 к/г бодринг 1,00 то 1,10 сомонӣ, нархи карам 1к/г 2,00 то 2,20 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Ҳамзамон санаи 30 июни соли 2017 дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Қурғонтеппа нархи чаканаи картошка 1 к/г – 5,00 то 5,50 сомонӣ, нархи 1к/г бехпиёзи нав -3,30 то 3,50 сомонӣ, нархи 1к/г сабзӣ 4,00 то 4,30 сомонӣ, нархи 1 к/г помидор 1,80 то 2,00 сомони, нархи 1 к/г бодринг 1,20 то 1,30 сомони ва нархи 1к/г карам 2,50 то 2,70 сомониро ташкил медод.
Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 (ба 30.06.2016) нархи 1 к/г картошка 3,70 то 3,90 сомонӣ, нархи 1 к/г бехпиёз 2,30 то 2,50 сомонӣ, нархи 1к/г карам 1,00 то 1,20 сомонӣ, нархи 1к/г сабзи – 1,50 то 1,80 сомонӣ, нархи
Нархи биринҷ, гандум, шакар, орд, тухм, помидор ва бодиринг нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб бетағир мебошад.
Яке сабабҳои баланд гардидани нархҳои маҳсулотҳои аввалиндараҷа ин аз ҳисоби афзоиш ёфтани нархи сузишвори, қиммат гардидани роҳкирои мошинҳои боркаш буда, содирот шудани маҳсулотҳо ба дигар минтақаҳои ҷумҳури ва дигар сабабаш болоравии қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки айни замон бозорҳои вилоят бо истиснои ордҳои Агентии захираҳои моддии давлатӣ, пурра аз орди истеҳсолнамудаи корхонаҳои ордбарории вилояти Суғд таъмин карда мешавад.
Дар бозорҳои вилоят биринҷи маҳалии ноҳияҳои Шаҳритуз, Фархор, Вахш бо нархи 1к/г аз 5 то 7 сомонӣ дар фӯруш аст. Ба ғайр аз биринҷи маҳали боз биринҷи (Регар) Турсунзода, биринҷи Ҷумҳурии Қазоқистон, Тайланд ва Краснодари Россия бо нархи 6 то 12 сомонӣ дар фуруш гузошта шудааст.