Главная » 2017 » Ноябр » 23 » Аз натиҷаи фаъолияти Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2017
2:06 PM
Аз натиҷаи фаъолияти Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2017
Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияташро тибқи қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаи кории дастгоҳи марказии хадамот ба роҳ монда, дар нуҳ моҳи соли равон корҳои муайянеро ба сомон расонид. Чунончи, тибқи супориши сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2016, №01 – 05.4/1467 оиди супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2016, №38189 (27-5) ҷиҳати риояи талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар ҶДММ «Оби санитарӣ», воқеъ дар ноҳияи Вахш ва ташкилоти ҷамъиятии «Оби тоза»-и ноҳияи Бохтар таҳлилу омӯзиш гузаронида шуд. Дар натиҷа, гузориш бо нархномаҳои хизматрасонии муассисаҳои дар боло номбаршуда барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №6 «Дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (15 март) фармоиши сардори раёсат аз 15 феврали соли 2017, №6 ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, дар ин замина корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди поймол накардани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. Ва ҷамъбасти вохӯриҳо бо иштироки сардор ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, кормандони раёсатҳои Хадамоти зиддиинҳисории вилоятҳои Суғду ВМКБ дар таърихи 15 марти соли ҷорӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии ноҳияи Данғара гузаронида шуд. Мавриди зикр аст, ки баҳри таъмини иҷрои банди 7-и нақшаи кори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 ва фармоиши сардори раёсат аз 25 апрели соли 2017, №15 ҷиҳати риояи талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ, ҳамзамон, ҳолати дурустии нархномаҳои хизматрасонии пулакӣ бозори «Саховат»-и ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби мутахассисони раёсат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Оиди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти ҷамъияти матлубот муҳлат дода шуд. Бо мақсади иҷрои супориши сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.02.17, №01-063/238 ва фармоиши сардори раёсат аз 2 марти соли 2017, №9 баҳри амалӣ намудани назорати давлатии риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва иҷрои талаботи банди 14, боби 4 «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳо вобаста ба он», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.16, №207-7 тасдиқ гардидааст, ҳангоми гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) ситонидани фоиз манъ карда шудааст. Аз ин лиҳоз, дар давраи ҳисоботӣ ҳолати гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо ва омӯзишҳои ҳисоботҳои серверӣ аз тарафи мутахассиси раёсат мавриди таҳлил қарор дода шуд. Муайян гардид, ки аз ҷониби субагентҳои ҶДММ “Юнипей” ва ҶДММ “Пардохт ТҶ” талаботи қарори мазкур риоя намегардад. Дар натиҷа, нисбати субагентҳои ширкатҳои номбурда “Амрнома” дар бораи қатъ намудани вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва барқарор намудани даромади беасос, ки 3 ҳазору 745 сомониро ташкил медод, содир гардида, он маблағҳо пурра ба буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохт карда шуданд. Таҳлилу омӯзиши ҳисботҳои серверии ҶДММ “Боварӣ М” нишон дод, ки гарчанде терминалҳои дар тавозуни ширкатбуда аз муштариёни алоқаи мобилӣ фоиз намеситонанд, аммо диллер-агент ва субагентҳои ширкати номбурда, ки тавассути терминалҳо ва телефонҳои дастӣ ба хизматрасонии пардохти маблағи алоқаи мобилӣ машғуланд, хилофи қарори болозикр аз муштариёни ширкатҳои мобилӣ фоизи муайянеро меситонанд. Бинобар ин, нисбати 9 субагенти ширкати номбурда “Амронома” дар бораи қатъ намудани вайронкунии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ирсол карда шуда, айни замон аз ҷониби 3 субагенти ширкат маблағҳои муайянгардида, ки дар маҷмуъ 946 сомониро ташкил медиҳанд, пурра ба буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохт карда шуданд. Вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, №209 оид ба қоидаҳои хизматрасониҳои хӯроки умумӣ мутобиқи моддаи 36-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” дар асоси мактуби Прокуратураи вилояти Хатлон аз 01 августи соли 2017, №8/27-42 ва супориши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2017, №8/27.1503 ва фармоиши сардори раёсат аз 9 августи соли 2017, №26/1 дар якҷоягӣ бо МНДСЭ ва намояндаи Прокуратура дар тарабхона, қаҳвахона, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишии шаҳри Қурғонтеппа санҷиш гузаронида шуд. Муайян гардид, ки на дар ҳама нуқтаҳои савдо ва ошхонаҳо талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” риоя мегарданд. Ба хотири рафъи камбудиҳо ва минбаъд роҳ надодан ба хунукназарӣ дар маҷмуъ нисбати 4 соҳибкор барои пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои лозима тибқи моддаи 553, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда, яъне 500 сомонӣ, ба ҳар як соҳибкор ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд. Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои банди 17-и нақшаи кории Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳи сентябри соли 2017 ва фармоиши сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 19 сентябри соли 2017, №37/1 оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи ҳимояи рақобат» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ҷиҳати дурустии истифодабарии нархномаҳои хизматрасонии пулакӣ таҳлилу омӯзиш ва санҷиш гузаронида шуд. Таҳлилу омӯзиш нишон дод, ки ин донишгоҳ муассисаи буҷетӣ ба шумор рафта, аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои гурӯҳҳои шартномавӣ (махсус) ва дигар манбаъҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад. Номгӯйи хароҷотҳо мувофиқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ дуруст тартиб дода шуда, тамоми хароҷоти даркорӣ ба нақша гирифта шудааст. Нархномаи хизматрасонии донишгоҳ дар санаи 18 апрели соли 2017, №02-04.5/391 бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст. Мутобиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи масъулин маълум гашт, ки нархномаҳои хизматрасонии пулакии хобгоҳи донишгоҳ барои як донишҷӯ дар як соли таҳсил тибқи қарори шӯрои олимони ин муассисаи олӣ 250 сомонӣ муайян гардидааст. Дар хобгоҳи донишгоҳ 319 донишҷӯ дар соли таҳсили 2016-2017 истиқомат мекардаанд. Бояд тамоми донишҷуён маблағи муайянгардидаро ба пуррагӣ пардохт намоянд , аммо аз 100 донишҷӯ 50 сомонӣ зиёд, яъне ба маблағи (100х50=5000с) 5000 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки чунин амал хилофи банди 5, моддаи 22, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” мебошад. Аз ин рӯ, ба муассисаи мазкур ҷиҳати ислоҳи камбудӣ “Амрнома” дода шуда, маблағи муайянгардида, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ ба даст оварда шудааст, пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда шуд. Ҳамин тариқ, ҷамъи маблағҳои дар ин давра ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронидашуда 11,645 сомониро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки вобаста ба мониторинги нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа ҳафтае се маротиба мутахассисони раёсат дар бозорҳои молӣ таҳлилу омӯзишҳо гузаронида, аз натиҷааш ба дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати назорату чораҷӯӣ маълумот пешниҳод карда мешавад. Раёсат минбаъд низ бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, рақобати солим дар бозорҳо ва марказҳои савдо, инчунин, нисбати беасос баланд гардидани нарху навои маҳсулоти истеъмолии аввалиндараҷа чораҳои зарурӣ меандешад.
avatar
uCoz