Главная » 2017 » Ноябр » 23
Аз натиҷаи фаъолияти Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2017

Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияташро тибқи қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаи кории дастгоҳи марказии хадамот ба роҳ монда, дар нуҳ моҳи соли равон корҳои муайянеро ба сомон расонид. Чунончи, тибқи супориши сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2016, №01 – 05.4/1467 оиди супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2016, №38189 (27-5) ҷиҳати риояи талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар ҶДММ «Оби санитарӣ», воқеъ дар ноҳияи Вахш ва ташкилоти ҷамъиятии «Оби тоза»-и ноҳияи Бохтар таҳлилу омӯзиш гузаронида шуд. Дар натиҷа, гузориш бо нархномаҳои хизматрасонии муассисаҳои дар боло номбаршуда барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон а ... Муфассал »

Муфассал...
 
Марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар меҳвари суҳбати иштирокдорони семинар

17-уми ноябри соли 2017 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа зери унвони «Фаъолияти марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» семинари гуногунҷанба баргузор гардид. Фирӯз Исмонов, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, пас аз сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки баҳри татбиқи талаботи моддаи 41, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ташкил гардид. Ташаббускор Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин амали наҷиб бо мақсади иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2014, рақами 26918 (22-4) роҳандозӣ гардид. “Фаъол будани ин гуна марказҳо имкон медиҳад, ки шикояти дилхоҳ ис ... Муфассал »

Муфассал...
 
uCoz