Главная » 2017 » Ноябр » 23 » Марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар меҳвари суҳбати иштирокдорони семинар
1:48 PM
Марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар меҳвари суҳбати иштирокдорони семинар

17-уми ноябри соли 2017 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа зери унвони «Фаъолияти марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» семинари гуногунҷанба баргузор гардид. Фирӯз Исмонов, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, пас аз сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки баҳри татбиқи талаботи моддаи 41, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ташкил гардид. Ташаббускор Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин амали наҷиб бо мақсади иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2014, рақами 26918 (22-4) роҳандозӣ гардид. “Фаъол будани ин гуна марказҳо имкон медиҳад, ки шикояти дилхоҳ истеъмолкунанда сари вақт баррасӣ гардида, нисбат ба кирдори шахсоне, ки масъулияташонро дуруст иҷро накардаанд, баҳои ҳаққонии касбӣ ва ҳуқуқӣ дода шавад. Ҳамзамон, бо истифода аз ин марказҳо мо метавонем тартиби ҳамешагии маълумотдиҳӣ ба истеъмолкунандагонро ҷорӣ кунем. Бо ин васила доираи васеи истеъмолкунандагон ҳам аз ҳуқуқҳои худ ва ҳам аз вазифаҳои тарафи хидматрасон, яъне фурӯшандаҳо, истеҳсолкунандаҳо ва ҳоказо ба андозаи зарурӣ воқиф мегарданд”, - афзуд ӯ. Гуфта шуд, ки то давраи ҳисоботӣ ба ин марказҳо аллакай 66 муроҷиати шифоҳӣ ва 41 муроҷиати хатӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ворид гардид. Ва масъулон, албатта, он ҳама арзу шикоятҳоро дар доираи салоҳиятҳояшон ҳаллу фасл карданд. Дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои машваратӣ, номгӯйи молҳое, ки дар сурати пайдо кардани нуқс истеъмолкунанда метавонад онҳоро пас гардонад, тарбия додани тарафи пешкашкунандаи молу хидматрасонӣ дар рӯҳияи эҳтироми мизоҷон ва ғайраҳо Ҳомидзода Ҳусейн Халифабобо, сардори бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва Рустам Қурбонов, сармутахассиси Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷиддин Исматов, мудири бахши маркетинг ва сармоягузории Раёсати рушди иќтисоди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон баромади пурмуҳтаво карданд. Зимнан, доир ба баъзе паҳлуҳои норавшани масоли ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон миёни иштирокдорон табодули афкор ва суолуҷавоби муфид сурат гирифт. Дар интиҳо ба иштирокдорони ин машварати судбахш - намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳрию ноҳиявӣ, масъулони ташкилоту муассисаҳо ва хабарнигорони расонаҳои дохилӣ бобати боз ҳам беҳтар дарк кардани масоили марбут ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва роҳу равиши ҳимоя аз онҳо варақаю буклетҳои иттилоотӣ манзур гардид.
avatar
uCoz