Главная » 2017 » Сентябр » 12 » НИШАСТИ СУДМАНД
7:33 AM
НИШАСТИ СУДМАНД
13-уми июл Исмонов Фирӯзшо Юсуфович, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир кард. Сардори раёсат дар ибтидои сухан тазаккур дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бо дастовардҳои бештари меҳнатӣ ҷамъбаст гардид. “Ҷиҳати риояи талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ корхонаи «Оби санитарӣ», воқеъ дар ноҳияи Вахш ва ташкилоти ҷамъиятии «Оби тоза»-и ноҳияи Бохтар аз ҷониби мутахассисони раёсат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Ва дар асоси ин омӯзишҳо барои тасдиқи нархномаҳои хизматрасонии муассисаҳои болозикр ба Хадамоти зиддиинҳисори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод гардид”, - афзуд ӯ. Гуфта шуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо ситонидани фоиз манъ аст. Бинобар ин, масъалаи мазкур таҳти назорати ҳамешагии мутахассисони раёсат қарор дорад. Дар ҳамин замина бинобар риоя накардани муқаррарот ба субагенти ҶДММ “Юнипей” Абдукаримов Умед Боронович ва намояндаи ҶДММ “Пардохт ТҶ” Улуғова Шабнам амрия дода шуда, аз онҳо ба фоидаи буҷети ҷумҳуриявӣ 3 ҳазору 745 сомонӣ ситонида шуд. Фирӯз Исмонов баён кард, ки дар давраи ҳисоботӣ муроҷиати се шаҳрванд бобати ба кафолатҳои додашуда ҷавобгуй набудани молу ашёи харидаашон сари вақт мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳалли мусбии худро ёфтанд. Ҳамзамон, аз 17 мактуб оид ба мувофиқаи нархномаи хизматрасонии пулакӣ, ки ба унвонии раёсат ворид шуданд, ба 16-тояш пас аз омӯзиши дақиқ посухномаи иҷозаи хидмати бомузд дода шуда, 1 мактуби дигар дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад. – Вобаста ба мониторинги нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа ҳафтае се маротиба мутахассисони раёсат дар бозорҳои молии вилоят таҳлилу омӯзишҳо гузаронида, баҳри танзиму чораҷӯӣ ба дастгоҳи марказии хадамот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мунтазам маълумот пешниҳод карда мешавад, - гуфт сардори раёсат. - Дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят ҷиҳати ба истеъмолкунандагон ва соҳибкорон расонидани моҳият ва талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла ҳуқуқу уҳдадориҳои чи истеъмолкунанда ва чи соҳибкор, барои таъмини фазои озоди соҳибкорӣ, рушди рақобат, поймол нагардидани ҳуқуқҳои онҳо назорати пайваста гузаронида мешавад. Баъдан, Фирӯз Исмонов ба суолҳои хабарнигорон, ки ба фаъолияти кормандони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шашмоҳаи аввали соли 2017 дахл доштанд, посухҳои мушаххас дод.
avatar
uCoz