Главная » 2017 » Сентябр » 12
НИШАСТИ СУДМАНД

13-уми июл Исмонов Фирӯзшо Юсуфович, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир кард. Сардори раёсат дар ибтидои сухан тазаккур дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бо дастовардҳои бештари меҳнатӣ ҷамъбаст гардид. “Ҷиҳати риояи талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ корхонаи «Оби санитарӣ», воқеъ дар ноҳияи Вахш ва ташкилоти ҷамъиятии «Оби тоза»-и ноҳияи Бохтар аз ҷониби мутахассисони раёсат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Ва дар асоси ин омӯзишҳо барои тасдиқи нархномаҳои хизматрасонии муассисаҳои болозикр ба Хадамоти зиддиинҳисори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод гардид”, - афзуд ӯ. Гуфта шуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо ситонидани фоиз манъ аст. Бинобар ин, масъалаи мазкур таҳти назорати ҳа ... Муфассал »

Муфассал...
 
uCoz