Главная » Архив материалов
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм

Бо мақсади амалӣ намудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 16-уми декабри соли 2016, №257 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020”, инчунин пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда дар Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фармоиши сардори раёсат аз 6-уми январи соли 2017, №1 оиди пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ ва террористӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташвиқи тарзи зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба либоспӯшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ ба тавсиб расида, оиди ин масъала нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Ҷиҳати татбиқи бандҳои 1 ва 2-и нақша - чорабиниҳои дохилиидоравии раёсат нисбати Стратегияи мазкур бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озо ... Муфассал »

Муфассал...
 
Бо зуҳуроти коррупсионӣ муборизаи беамон бояд бурд

Конвенсияи СММ зидди коррупсия яке аз санадҳои муҳимтарини меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия мебошад, ки дар ҷалласаи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ 31-уми октябри соли 2003 қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2006 ба он ҳамроҳ шудааст. Айни ҳол 140 кишвар конвенсияро имзо намуда, ҳамроҳ шудаанд. Чуноне дар конвенсияи мазкур омадааст, коррупсия ин ришва додан, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, маҳдудкунии рақобат ва дигар амалҳои ғайриқонуние мебошад, ки бо як ибора сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ гуфта мешавад. Мақсади асосӣ ба амал баровардани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар байни кормандон, пешбинӣ намудани вазифаи ҷамъоварии маълумоти зарурӣ зимни муроҷиатҳои шаҳрвандон ва сари вақт дида баромадани шикоятҳои шаҳрвандон, ҳамзамон гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни ш ... Муфассал »

Муфассал...
 
РӮЗИ БАНАНМИЛАЛИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Бо мақсади иҷрои Фармоиши Хадамоти зиддиинхисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №6 «Дар бораи таҷлили рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, фармоиши сардори Раёсат аз 15 феврали соли 2017, №6 ба тавсиб расида, инчунин нақша чорабиниҳо тартиб дода шуд, ки тибқи он корҳои омодагию фаҳмондадиҳӣ дар байни истеъмолкунандагон бо ҷалби воситаҳои ахбори оммаи вилоят, инчунин бо иштироки бевоситаи намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва намояндаи Маркази стандартизатсия метрология ва нозироти савдои вилоят дар шаҳрҳои Кӯлоб, Сарбанд ва ноҳияҳои Ҷайҳун, А.Ҷоми, Ёвон оид ба риояи талаботҳои қонунҳои зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар бозорҳои маркази ва нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ оид ба баланд б ... Муфассал »

Муфассал...
 
Риояи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Тартиб ва талаботи пайвастшави ба шабакаҳои алоқаи барқи ва хизматрасониҳои вобаста ба он

Бо мақсади иҷрои супориши Хадамоти зиддиинхисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали 2017, №01-063/238 ва фармоиши сардори Раёсати Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 02 марти соли 2017, №9 баҳри амали намуданӣ назорати давлатии риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва иҷрои талаботи боби 4, банди 14-и «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳо вобаста ба он», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 тасдиқ шудааст, ҳангоми гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо ситонидани фоиз манъ карда шудааст.
Ҳолати гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо аз ҷониби мутахассиси Раёсат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Барои риоя накардани банди 14-и қарори мазкур ба субагенти ширкати ҶДММ “Юнипей” Абдукаримов Умед Боронович ва намояндаи ҶДММ “Пардохт ТҶ” Улуғова Шабн ... Муфассал »

Муфассал...
 
« 1 2 3 4 5 »
uCoz