Главная » 2017 » Август » 25 » Бо зуҳуроти коррупсионӣ муборизаи беамон бояд бурд
2:45 PM
Бо зуҳуроти коррупсионӣ муборизаи беамон бояд бурд

Конвенсияи СММ зидди коррупсия яке аз санадҳои муҳимтарини меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия мебошад, ки дар ҷалласаи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ 31-уми октябри соли 2003 қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2006 ба он ҳамроҳ шудааст. Айни ҳол 140 кишвар конвенсияро имзо намуда, ҳамроҳ шудаанд. Чуноне дар конвенсияи мазкур омадааст, коррупсия ин ришва додан, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, маҳдудкунии рақобат ва дигар амалҳои ғайриқонуние мебошад, ки бо як ибора сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ гуфта мешавад. Мақсади асосӣ ба амал баровардани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар байни кормандон, пешбинӣ намудани вазифаи ҷамъоварии маълумоти зарурӣ зимни муроҷиатҳои шаҳрвандон ва сари вақт дида баромадани шикоятҳои шаҳрвандон, ҳамзамон гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни шаҳрвандон мебошад. Масъулини раёсат корҳои назоратиро пурзӯр намуда, баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва муборизаи густурда бо омилҳои бавуҷудоварандаи зуҳуроти коррупсионӣ дар раёсат мунтазам машғулияту корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар оянда нисбати ин падидаи номатлуб дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ муборизаи беамон барад. Бо мақсади таҳкими заминаи моддии кормадон бо назардошти беҳтар намудани шароити корӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, технология ва таҷҳизоти замонавӣ, таъмини шаффофияти ҷараёни кории онҳо аз тарфи роҳбарият бо компютер таъмин ва ба шабакаи интернет пайваст карда мешаванд. Раёсат баҳри иҷрои нақша - чорабиниҳо, ҳамзамон оиди поймол нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва рақобати солим дар бозорҳо фаъолияти марказҳои машваратиро таҳти назорати доимӣ қарор додааст.
avatar
uCoz