Главная » 2017 » Август » 25 » Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм
3:20 PM
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм

Бо мақсади амалӣ намудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 16-уми декабри соли 2016, №257 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020”, инчунин пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда дар Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фармоиши сардори раёсат аз 6-уми январи соли 2017, №1 оиди пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ ва террористӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташвиқи тарзи зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба либоспӯшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ ба тавсиб расида, оиди ин масъала нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Ҷиҳати татбиқи бандҳои 1 ва 2-и нақша - чорабиниҳои дохилиидоравии раёсат нисбати Стратегияи мазкур бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, фаъолият дар ин самт ба зиммаи шуъба ва бахши раёсат вогузор карда шудааст.
avatar
uCoz