Главная » 2017 » Август » 14 » Риояи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Тартиб ва талаботи пайвастшави ба шабакаҳои алоқаи барқи ва хизматрасониҳои вобаста ба он
12:20 PM
Риояи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Тартиб ва талаботи пайвастшави ба шабакаҳои алоқаи барқи ва хизматрасониҳои вобаста ба он

Бо мақсади иҷрои супориши Хадамоти зиддиинхисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали 2017, №01-063/238 ва фармоиши сардори Раёсати Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 02 марти соли 2017, №9 баҳри амали намуданӣ назорати давлатии риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва иҷрои талаботи боби 4, банди 14-и «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳо вобаста ба он», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 тасдиқ шудааст, ҳангоми гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо ситонидани фоиз манъ карда шудааст.
Ҳолати гузаронидани маблағ тавассути терминалҳо аз ҷониби мутахассиси Раёсат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Барои риоя накардани банди 14-и қарори мазкур ба субагенти ширкати ҶДММ “Юнипей” Абдукаримов Умед Боронович ва намояндаи ҶДММ “Пардохт ТҶ” Улуғова Шабнам амрия дода шуда, маблағи 3745 сомонӣ пурра ба буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохт карда шуд.
avatar
uCoz