Главная » 2016 » Ноябр » 10 » Ҷавоб ба қарори ҳайати Мушовара аз 14. 10. 2016 №4
9:58 PM
Ҷавоб ба қарори ҳайати Мушовара аз 14. 10. 2016 №4

Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои қарори ҳайати мушовараи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2016, №4 оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар нуҳ моҳ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2016 чунин иттилоъ медихдд.

Бо максади ҳамкорb бо Дастгоҳи марказии Хадамот тибқи мактуби аз 4 июли соли 2016 таҳти №02.04.7/798 ҷиҳати иҷрои банди 7-и Протоколи №20/6-27-и ҷаласаи назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2016 дар якчоягb бо мутахассиси Дастгоҳи марказии Хадамот барои пурра ва дақиқ муайян намудани нархи истеҳсол ва фуруши як килограмм абрешими дар ҶДММ «Дук»-и ноҳияи Шаҳритус таҳлилу омузишҳо гузаронида шуд.

Вобаста ба мониторинги нархи молу маҳсулотҳои ниёзи аввалиндараҷа ҳафтае ду маротиба аз тарафи мутахассисони Раёсат дар бозорҳои молии вилоят таҳлилу омузишҳо гузаронида ба Дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумот пешниҳод карда мешавад.

Бинобар сабаби аз тарафи Сарраёсати молияи вилоят пардохт накардани ҳаққи хизмати интернет таи ду моҳ мешавад, ки Раёсат бо сомона пайваст шуда наметавонад.

Дар ҳолати фаъол гардидани сомона маълумотҳо оиди нарху тарифҳои мувофиқашудаи об, нақлиёт, партовҳо, сузишворb тандурустb ва маориф дар сомона ҷойгир карда мешавад. Номи сомонаи Раёсат АМУ-ХАТЛОН. ком

Ҷихати ташкил ва ҷоннок намудани фаъолияти Марказҳои машваратb аз ҷониби Раёсат ва бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят шарҳу тафсирҳо дар намуди буклет барои тарғибу ташвиқ равон намуда, дар навбати худ мутахассисони Раёсат алакай дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят оиди ин масъала корҳои фаҳмондадиҳb гузарониданд. Дар ин самт корҳо идома ёфта, то охири сол тибқи нақшаи Раёсат бояд дар тамоми мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят Марказҳои машваратb таҳти таҳлилу омeзиш қарор гирифта, вохуриҳо низ бо истеъмолкунандагон дар назар аст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунандагон аз тарафи кормандони Раёсат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №12 ҳамзамон дар беморхонаи вилоятии ба номи «Бурb Воҳидов»-и шаҳри Қeрғонтеппа семинар машваратҳо дар мавзeи ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳангоми хариди мол дар якчогb ба намояндагони Маркази стандартизатсия, метрология сертификатсия ва нозироти савдои вилоят инчунин бо иштироки телевизиони вилоят гузаронида шуд. Чунин вохурb ва машваратҳо то охири сол дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ гузаронида мешавад.

Ҷихати баланд бардоштани савияи дониши кормандон нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорb ду нафар мутахассиси Раёсат ба Дастгоҳи марказии Хадамот барои мукаммал намудани дониши худ ва ҳамкорb фиристода мешавад.

Вобаста ба иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби роҳбарияти Раёсат мунтазам корҳои фаҳмондадихb байни кормандон гузаронида шуда, ҳамзамон ҳангоми вохуриҳо бо истемолкунандагон оиди ин масъала ҳам корҳои ташфиқоту тарғибот инчунин корҳои фаҳмондадахb ба роҳ монда шудааст.

Аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда тариқи сомона маълумоту гузоришҳо пешниҳод карда мешавад.

Дар оянда низ кормандони Раёсат кушиш ба харҷ медиҳанд, ки қарорҳо ва протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи марказии Хадамотро оид ба сиёсати зиддиинҳисорb сари вақт амалb намуда, оид ба рушди соҳибкорb, рақобати солим байни субъектҳои хоҷагидор ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чораҳои заруриро амалb намоянд.

                  

Сардори  Раёсат                                                 Н. Қуватов

avatar
uCoz