Главная » 2016 » Ноябр » 10 » Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
9:32 PM
Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Таҷлили рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

 

       Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи супориши хаттии дастгоҳи марказии хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 8.02. соли 2013 №06-117 ҷиҳати дар сатҳи зарури гузаронидани чорабинии мазкур, яъне таҷлили рўзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз тарафи раёсат нақша чорабиниҳо таҳия карда шуд.

        Бояд қайд кард, ки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати истеъмолкунандагон ташаккули бозори софдилона ва ба рақобат тобовари маҳсулот ва хизматрасонӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти раёсат ба шумор меравад.

        Дар тӯли 25 соли истиқлолият дар ҷумҳурии мо муносибатҳои нави истеҳсолӣ ба вуҷуд омада, ҳамзамон дар ҳама шаклҳои моликият истеҳсоли маҳсулотҳои хољагии халќ пайдо гардидаанд.

Ҳамзамон дар бозори истеъмолӣ ба истеъмолкунандагон чӣ маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ ва чӣ истеҳсоли хориҷӣ пешкаш карда мешавад.

Инчунин мањсулотњои истењсолнамуда  бояд ба талабот љавобгў буда, дар навбати худ ба истеъмолкунанда бо сифати зарурї пешнињод карда шавад.

Дар ин радиф, дар љомеаи имрўза њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон бояд яке аз масъалањои муњимтарин арзёби гардад.

Бояд гуфт, ки њадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, пеш аз њама, ба як маќсад – таъмини рушди бонизоми иќтисодиёт, баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум мебошад.

Барои иљрои наќша чорабинињои тартибдодашуда аз тарафи кормандони раёсат бо иштироки мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологї, раёсати стандартизатсия, метрология сертификатсия ва нозиро савдои вилоят  ва телевизиони вилоят дар бозорњо марказњои савдои шањрњои Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб  рейди муштарак гузаронида шуд.

Аз тарафи масъулони дар боло номбурда љињати иљрои талаботњои ќонуни зикргардида дар бозору марказњои савдо мунтазам назорат бурда шавад њам, лекин рўзњои гузаронидани рейди муштарак дар фаъолияти баъзе маѓоза ва нуќтањои савдо  камбудию норасогињо, аз ќабили надоштани лавња оид ба тартиби кори фурўшанда, надоштани либосњои махсус, дафтарчаи санитарї, пешнињод накардани хуљљатњои тасдиќкунанда аз љумла патент, сертификати мутобиќат ва борхат ба назар мерасад, ки дар натиља нисбати  соњибкорони алоњида барои риоя накардани талаботњои ќонунгузории зиддиинњисорї санаду њуљљатњои лозима барои ислоњи камбудињо аз тарафи гурўњи корї тартиб дода шуда, корњои фањмондадињї ва тавсияњо дода шуд.

Њамзамон љињати иљрои наќша чорабинињои раёсат ва барои дар сатњи баланд гузаронидани љашни мазкур аз тарафи мутахассисони раёсат бо иштироки намояндагони Иттифоќи истеъмокунандагон дар литсею гимназияњо ва Донишгоњу Донишкадањои шањрњои Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб бо иштироки намояндагони талевизиони вилоят оид ба баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунандагон сўњбату вохўрињо гузаронида шуда, иштирокчиён ба саволњои додашуда аз тарафи мутахассисон љавобњои мусбат гирифтанд.

Барои сазовор пешвоз гирифтани љашни мазкур дар назди бозорњои Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб инчунин дар ноњияњои вилоят рекламаи иљтимої бо дарљи навиштаљотњои гуногун дар бораи њуќуќњои истеъмолкунандагон насб карда шуд.

Инчунин дар шуморањои моњи мартии рўзномањои вилоятии Новий Хатлон ва Навиди Кўлоб оиди љашни зикргардида маќолањо оид ба њимояи њуќуќи истеъмалкунандагон нашр карда шуд.

Аз натиљаи корњои анљомдодашуда аз љумла рейдњои муштарак ва сўњбату вохўрињо бо истеъмолкунандагон  тариќи телевизиони вилоятии Хатлон Барномаи махсус дар доираи ним соат вобаста ба рўзи байналмиллалии њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон  намоиш дода шуд.

Раёсат минбаъд низ кўшиш ба харљ медињад, ки ин љашни байналмилалиро хубтару васеътар,  бо як шукуњу шањомат ва дар сатњи баланд гузаронад.

 

        Сардори раёсат                                                                 Н. Қуватов   

avatar
uCoz