Главная » 2016 » Ноябр » 10 » Ташкил намудани Маркази машваратӣ
9:43 PM
Ташкил намудани Маркази машваратӣ

Дар бораи ташкил намудани Маркази машваратӣ

           Бо мақсади таъмини  иҷрои Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи давраи дуюми (солҳои 2012-2015 ) Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти №627 тасдиқ гардидааст, инчунин дар асоси супориши Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20декабри соли 2014, №26918(22-4) оид ба ташкил намудани Маркази машваратӣ  фармоиш  медиҳам:

1. Дар назди Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маркази машваратӣ таъсис дода шавад.

2. Ба  муовини сардори Раёсат Давлатов С. ва мудири Бахши ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ Солеҳов Ш.   супориш дода шавад, ки муроҷиати  соҳибкорону шаҳрвандони ба Марказ воридшуда сари вақт таҳти таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба онҳо ҷавобҳои муфассал гардонида шавад.       

3. Назорати  таъмини  иҷрои фармоиши  мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.    

 

Сардори  раёсат                                                   Н. Қуватов

avatar
uCoz