Главная » 2016 » Май » 9 » ВОХЎРӢ БО ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ВА ФУРЎШАНДАГОН
11:40 AM
ВОХЎРӢ БО ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ВА ФУРЎШАНДАГОН

   Дар асоси банди 14 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 марти соли 2016 корҳои таблиғотӣ, фаҳмондадиҳӣ ва мушоҳидаҳо оид ба риояи талаботи қонуниҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар нуқтаҳои савдо, хўроки умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла, бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Корвон» ва «Маҷмааи савдои Пойтахт 90» – и шаҳри Душанбе рўзҳои 10 ва 11 марти соли 2016 бо ҷалби намояндагони Агентии «Тоҷикстандарт», Хадамоти назорати давлдатии байтории Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон бо истеъмолкунандагон ва фурўшандагон гузаронида шуд.

   Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои фурўшандагон ҳангоми фуруши мол, кор, хизматрасониҳо аз ҷониби намояндагони мақомотҳои ваколатдори соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маслиҳатҳои муфид дода шуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии онҳо маводҳои таблиғотӣ ба истеъмолкунандагон ва фурўшандагони нуқтаҳои савдо ба таври ройгон тақсим карда дода шуд.

avatar
uCoz